ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ ба курси омӯзишӣ фаро гирифта шуданд

Аз 21 то 25 сентябри соли равон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисоси мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ гузаронда шуд.

Курси такмили ихтисос дар асоси талаботи банди 3 моддаи 147 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳар як мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ вазифадор аст, то дар ҳар ду соли баъди гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ дар ҳаҷми 40 соати академӣ бояд аз курси такмили ихтисос гузарад, ба роҳ монда шуд.

 

Машғулиятҳо аз тарафи устодони донишкада ва бо ҷалби кормандони масъули Раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук аз рӯйи ҷадвали дарсӣ мутобиқи «Барномаи таълимии такмили дараҷаи тахассусӣ барои мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ» гузаронида шуданд.

Дар курси мазкур 32 нафар мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ аз ширкатҳои брокерии ГМСО «Интертранс», ҶДММ “Ягонагии Суғд”, ҶДММ «АМРО», ҶСП «Тоҷиквнештранс», ҶДММ «Сайёр Суғд», ҶСП «Трансимпэкс», ҶДММ “ТЭК Фирдавс”, ҶДММ “Декларант”, ҶДММ “Рушди Суғд” ва ҶДММ “Трайд” ширкат варзиданд.

Ба онҳо оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”, “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” машғулият гузаронида шуд.

Ҳамчунин, барномаи миёнамӯҳлати рӯшди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, ташкили фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, декларатсияи гумрукии мол, асосҳои батанзимдарории давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти умумӣ оид ба низомҳои гумрукӣ, муқаррароти умумӣ оид ба пардохтҳои гумрукӣ, шакл ва тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, муайян намудани арзиши гумрукии мол, мафҳум, моҳият ва мақсадҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумрук, пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ, брокерони гумрукӣ, низомҳои гумрукӣ ва доираи истифодабарии онҳо, мафҳум ва зарурияти татбиқи СИАЯ (Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона) ва «Равзанаи ягона» дар мақомоти гумрук, батанзимдарории тарифию гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва системаи идоракунии таваккал мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати дуруст ҳисоб намудани пардохтҳои гумрукӣ ва дастрасии маълумотҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ ба шунавандагон истифодабарӣ аз имкониятҳои дар Портали иттилоотию маълумотии СИАЯ мавҷуд буда ва тартиби истифодабарии сомонаи Хадамоти гумрук омӯзонида шуд.

Инчунин, тарзи назорати шакли электронии декларатсияи бори гумрукӣ дар Портали иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷии СИАЯ фаҳмонида шуд, ки онҳо метавонанд тавассути он рафти қабули ДБГ (Декларатсияи бори гумрукӣ) - ро дар СИАЯ мушоҳида намоянд.

Дар анҷоми курс, бо мақсади муайян намудани савияи дониши мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ, комиссия аз ҳисоби кормандони Донишкадаи такмили ихтисос, аз ҷумла сардори донишкада - полковники Хадамоти гумрук Амириён Ёр Одина, муовини сардори донишкада - сардори кафедраи «Ташкили назорати гумрукӣ ва информатика», полковники Хадамоти гумрук Шокиров Нур, сарнозири кафедраи «Ташкили назорати гумрукӣ ва информатика» Шоҳназари Хуҷаназар ва нозири калони кафедраи «Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсус» - и донишкада Қурбонова Шамсоро таъсис дода шуд.

Санҷиш нишон дод, ки мутахассисони барасмиятдарории гумрукии ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуда, барномаи таълимиро дар сатҳи лозима аз худ намудаанд ва баъди ҷамъбасти курс ба шунавандагон сертификатҳо супорида шуд.

Ҳамчунин, ба шунавандагони курси мазкур тавсия дода шуд, ки дар рафти тартиб додани декларатсияи бори гумрукӣ талаботҳои фармоиши сардори Хадамоти гумрук доир ба «Дастурамал оид ба тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ» қатъиян риоя карда шавад.

Аз ин лиҳоз, аъзоёни Комиссияи санҷишӣ ба роҳбарони муассисаҳои брокерони гумрукӣ пешниҳод менамоянд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани савияи дониши мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ эътибори ҷиддӣ дода, фаъолияти онҳо мунтазам зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: