29-уми сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур дар қатори дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Асамов ширкат варзиданд.

Дар протоколи Комиссияи болозикр масъалаҳои гуногуни вобаста ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла таҳия ва ба имзо расонидани “Тағйиру иловаҳо ба шартҳои техникии ҳамкориҳои иттилоотӣ” вобаста ба мубодилаи маълумотҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дуҷонибаи амалкунандаи ҷонибҳо, мусоидат ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати интиқоли бемонияи молу воситаҳои нақлиёти кишварҳои сеюм тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии ҷонибҳо, аз қабили дидбонгоҳи гумрукии “Саразм” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дидбонгоҳи гумрукии “ Ҷартеппа” (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), аз масъалаҳои мубраме маҳсуб меёфтанд, ки ҷонибҳо бозбинӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


