Имрӯз муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Асамов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва дигар нафарони масъул дар Дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ” – и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд.
Мақсад аз ташрифи Анвар Асамов иштирок намудан дар ҷаласаи 7 - уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфта мешавад. Дар назар аст, ки муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Асамов пагоҳ дар ин ҷаласаи муҳим ширкат варзад.
Ҳамчунин, дар доираи ташрифи ӯ Бизнес – форум низ ба нақша гирифта шудааст, ки миёни ҳайатҳои ду кишвар доир мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон