Тавре маълум аст, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дувум аст, ки дар кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардида истодааст. Мақсад аз баргузории он ҷалби бештар барои мутолиаи асарҳои бузургон буда, довталабон аз рӯи номинатсиаҳои гуногун баромад менамоянд.

12 сентябри соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмун баргузор гардид, ки дар он нафарони зиёде ширкат варзиданд. Бӯрӣ Сармад, сардори Раёсати таҳлил ва омори гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили иштирокчиёни фаъоли озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳсуб меёфт. Ӯ аз рӯи номинатсиаи “Шоирӣ” баромад намуда, миёни ширкаткунандагони номинатсиаи мазкур мақоми аввалро касб намуда, барои иштирок ба даври дигар роҳхат гирифт.

Бӯрӣ Сармад дар баробари фаъолият дар мақомоти гумрук, ҳамчунин, ба эҷод низ шавқу рағбати беандоза дошта, ба навиштани шеър ва ҳикояву қиссаҳо машғул мебошад.
Ашъори ӯ дар ду китобаш бо номҳои «Савти Истиқлол» ва «Фарозҳои Зиндагӣ» ба табъ расидаанд. Эҷодиёташ саропо панду насиҳат ва меҳру муҳаббат буда, бештар мавзӯъҳои меҳанпарастию инсонпарварӣ, ишқу ормонҳои пок ва монанди инҳоро ба қалам додааст.

Ба ӯ дар даврҳои минбаъдаи озмун муваффақият хоҳонем.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


