ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Корҳои ободонӣ дар Хадамоти гумрук

Ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳо дар бинову гулгаштҳои сохтору корхонаҳои давлатӣ корҳои ободониву хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад. Дар арафаи таҷлил аз ҷашни 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ доир шуд.

 

Сабзу хуррам ва таъмиру тармим дар Хадамоти гумрук пайваста анҷом дода шуда, дар идомаи корҳои ободонӣ, ин навбат бо мақсади ободонӣ ва созандагии гирду атрофи бинои Хадамот, корҳои мумфаршкунӣ ва сарсабзу хуррам намудани атрофи он ба сомон расонда шуд. Гулгаштҳои назди бино гулкорӣ шуда, роҳҳову гузаргоҳҳои дохилӣ пурра асфалтпӯш гардиданд.

 

Барои таъмиру мумфаршсозии роҳҳо беш аз 150 тонна асфалт истифода шудааст. Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот, дар ҳудуди бино дарахтони ороишӣ, чароғҳои равшанидиҳанда ва дар роҳравҳо гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки ба саҳни коргоҳ зебогии дигаре зам намудааст. Тибқи нақша дар оянда низ корҳои ободониву хуррамгардонӣ идома хоҳад ёфт.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: