1 сентябри соли 2020 дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе плаза», воқеъ дар шаҳри Душанбе маросими оғози расмии ҷорисозии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросими ба кор оғоз бахшидани он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ширкат варзиданд. Чорабиниро Хуршед Каримзода - Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, сипас, сухан ба Давлаталӣ Саид - муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Зимни суханронии худ, ӯ қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории ҷумҳурӣ махсус таъкид намуда, баён доштанд, ки ин низом ба хотири суръат бахшидан ба раванди ҷорӣ гардидани технологияҳои муосири иттиллоотӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук мебошад.
Ҳамчунин, намоянда аз дафтари Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Манила ва намояндаи ширкати барномасози “АйЮНетворкс”, ба таври масофавӣ тариқи онлайн суханронӣ намуданд. Ҳар кадоме аз онҳо фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба ҷорӣ намудани ин навъи низом ва бартарияти он, баён доштанд. Қайд гардид, ки “Равзанаи ягона” бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ” амалӣ гардида, дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҷрибаи нахустин ба шумор меравад.
Зимни суханронии худ, Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода қайд кард, ки “Равзанаи ягона” барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соддагардонии расмиёти савдо, кам намудани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ ва даромади иловагӣ ба буҷет нақши муҳим хоҳад бозид.
Маврид ба зикр аст, ки механизми «Равзанаи ягона» барои содда гардонидани расмиёти савдои хориҷӣ ва коҳиши хароҷоти корхонаву ширкатҳое ҷорӣ гардидааст, ки ба воридоту содироти молу маҳсулот машғул мебошанд. Ҳамакнун, зимни анҷом додани расмиёти амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ ҳуҷҷатгузории он тариқи электронӣ сурат мегирад, ки ин амал қаблан бо воситаи қоғаз амалӣ мегардид. Ҳамчунин, ин низом имкон фароҳам меорад, то дар як макон 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дастрас гарданд, ки раванди идора намудани он бар зимаи КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и назди Хадамоти гумрук вогузор шудааст.
Шакли ниҳоии барномавии низом аз ҷониби ширкати барномасоз таҳия шуда, бо Агентии "Тоҷикстандарт", Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Нозироти давлатии иёргирӣ, ки сохторҳои асосӣ маҳсуб меёбанд, мувофиқа гардидааст.
Бо ҷорӣ гардидани низом, тартиби омодасозии ҳисобот низ содда мегардад. Дар ин росто, барнома имкон дорад, то омори дархостҳои воридшуда ва ҳуҷҷатҳои содиргашта, ҳаҷм ва намуди мол ва мамлакатеро, ки ба он маҳсулот содироту воридот мешавад, бо як амал ҳисоб намояд.
Низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» кори соҳибкоронро то андозае сабук намуда, соҳибкор ҳамин ки худро дар низом ба қайд гирифт, метавонад аз нуқтаи гуногуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешаванд, ирсол намояд. Бо анҷом додани ин амал, барнома ба таври автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти алоқаманд ирсол менамояд.
Ба ҳар як иштирокчие, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дорад, утоқи электронӣ кушода мешавад, ки таърих ва замони ирсол шудани дархост ба мақомот дар бахши омори он маҳфуз мегардад. Ба ҷуз ин, санаи гирифтани иҷозат ва сертификатҳо низ нишон дода мешавад. Ҳамчунин, имкон дорад, то дар утоқи электронӣ маводҳои воридшуда бойгонӣ шаванд ва соҳибкор имкон дорад, ки дар ҳолати зарурӣ онҳоро дубора истифода бубарад. Агарчӣ, роҳбари мақомот ва ширкати тиҷоратӣ ваколати ворид шудан ба низомро ба корманди худ дода бошад, ҳамоно, метавонад, ки амалҳои ӯро дар реҷаи мустақим назорат намояд.
Ҳаққи хизматрасонии "Маркази Равзанаи ягона"-и Хадамоти гумрук ва мақомоти шомилшударо соҳибкор метавонад, тариқи ҳамёни электронӣ пардохт намояд, ки бо ин тариқ пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар вусъат бахшида мешавад. Тавозуни ҳамёни ширкати тиҷоратиро метавонад бо воситаи посттерминалҳои пардохтӣ пурра намояд.
Дар умум, тамоми амалҳои мақомоти ваколатдор, бо назардошти ташхисгоҳҳои молу маҳсулот, тибқи консепсияи ташаккули низом бо роҳи электронӣ ба роҳ монда мешавад. Яъне, ҳисоби ҳаққи хизматрасонии мақомот барои баррасии дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат бидуни дахолати инсонӣ, бо воситаи низом амалӣ мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми омода намудани низом таҷрибаи ҳеҷ як кишвари дигар истифода нашуда, таъминоти барномавии он сирф миллӣ мебошад.
Ёдрас мекунем, ки аз ҷониби ширкати барномасози «АйЮНетворкс» - и Арманистон шакли ниҳоии низом бо маҷмӯи амалҳое, ки мақомоти ваколатдор бояд барои қабули дархост аз иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мубодилаи иттилоот ва пешниҳоди хуҷҷати иҷозатдиҳию сертификат анҷом диҳанд, низоми мазкур омода гардида, давраи пилотии ҷорисозии он моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида буд.
Ҳамчунин, ширкати «Канком» барои нигоҳдории таҷҳизоти техникии таҳвилшуда ва ширкати барномасози «АйЮНетворкс» барои таъминоти барномавӣ 3 сол давраи кафолатӣ медиҳанд. Новобаста бар ин, бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти гумрук, мутахассисони ҷавон, ки хамткунанагони Донишгоҳҳои техникӣ ва технологии кишвар мебошанд, дар КВД «Маркази Равзанаи ягона» ба кор ҷалб шуда, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои номбурда баъд аз се соли кафолатӣ масъулияти нигоҳдории ташкилӣ ва техникии низомро ба зимма мегиранд. Ҳамзамон ширкати барномасоз бо дастгирии КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук дар макони корӣ ба 237 корманди ширкатҳои брокерӣ ва 180 мутахассиси мақомоти шомилшаванда истифодаи амалии низомро ройгон омӯзондааст. Алҳол, ба беш аз 500 нафар омӯзиш гузаронда шуда, дар сурати пайдо гардидани кадрҳои нав онҳо низ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раванди амалигардонии консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, содда ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, инчунин, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард. Роҳандозии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» қадами муассирест дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ.
Дар назди КВД «Маркази Равзанаи ягона» ҳанӯз корҳои зиёди ба сомон нарасонда мавҷуд аст, ки мебояд барои омода намудани мутахассис ва дуруст роҳандозиву барасмиятдарории амалиётҳои содиротиву воридотӣ ва транзитӣ ва таъмин намудани иттилооти наву мукаммал онҳоро ба сомон расонид.
КВД «Маркази Равзанаи ягона» - и Хадамоти гумрук низомест, ки ба ҳар як мақомоти шомилшаванда дар ҳолатҳои пайдо шудани суолҳо, сари вақт кумаки худро мерасонад. Ҳамчунин, “Равзанаи ягона” метавонад, ки тариқи электронӣ самаранокии истеҳсолот ва равандҳои тиҷоратиро баланд бардорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон