ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук аз 21 июли соли 2020, №94-ф

Фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Шакл ва тартиби додан, бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ 260.050.000. » аз 21.07.2020, №94-ф.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 68 (1) Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 11 Низомномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №612 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Шакл ва тартиби додан, бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад)...

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи №1030 аз 18 августи соли 2020 ба қайд гирифта шуд.

Матни пурраи «Шакл ва тартиби додан, бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ» дар қисмати "Санадҳои меъёрии ХГ ҲҶТ"  сомонаи расмии (http://gumruk.tj/) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: