35 соли Истиқлолияти давлатӣ — 35 соли созандагӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму маориф ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон. Дар ин давраи пурифтихор Тоҷикистон роҳи пешрафтро тай намуда, дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди фарҳанг, маърифат ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Хабарҳо
Тоҷикистон таҷрибаи Қирғизистонро дар самти низоми электронии навбати воситаҳои нақлиёт омӯхт
19–20 августи соли 2026 ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти татбиқи низоми электронии идоракунии навбати воситаҳои нақлиёти боркаш ба ин кишвар сафари корӣ анҷом дод.
Аз Қалъаи таърих то қалби ватандӯстӣ: бонувони Хадамоти гумрук аз Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор боздид намуданд
Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, ҳифзу нигоҳдории мероси таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ бонувони Хадамот аз Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор боздид намуданд.
Subcategories
Page 1 of 96


