Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719, санаи 13 июли соли 2022, соати 1000 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Эълонҳо
ЭЪЛОН 2022 - 2023
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои соли таҳсили 2022-2023 дар Академияи гумруки Россия эълон менамояд.
Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пурра гардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумруки Россия фиристонида мешаванд.
Эълон
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719, санаи 2 феврали соли 2022, соати 1000 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Page 4 of 9