ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълонҳо

ЭЪЛОН 2023 - 2024

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои соли таҳсили 2023-2024 дар Академияи гумруки Россия эълон менамояд.

Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пурра гардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумруки Россия фиристонида мешаванд.

Эълон

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719, 15 феврали соли 2023 соати 1000 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Пурсиши телефонии тоҷирони фаромарзӣ ва брокерҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон

Моҳҳои сентябр-октябри соли 2022 аз ҷониби гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тоҷирони фаромарзӣ ва брокерҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон пурсиши телефонӣ гузаронида мешавад. Пурсиш бо мақсади муайян намудани камбудиҳои мавҷуда оид ба монеаҳое, ки занон ҳангоми анҷоми тиҷорати фаромарзӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд, инчунин барои омӯхтани муҳити тиҷорат тавассути объекти бахши хусусӣ, бахусус дар самти содагардонии расмиёти савдо оғоз мегардад.

Page 3 of 9

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: