ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълонҳо

ЭЪЛОН 2018 - 2019

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабули довталабонро барои соли таҳсили 2018 - 2019 дар Академияи гумруки Россия эълон менамояд.

 

Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пуррагардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумрукии Россия фиристонида мешаванд.

Дар солҳои таҳсили 2018 - 2019 ба Академияи гумруки Россия (Москва ш. Любертси) ва филиалҳояш дар шаҳри Санкт - Петербург, инчунин, шаҳри Ростови лаби Дон аз рӯйи ихтисосҳои «Фаъолияти гумрук» (мутахассис), «Ҳуқуқшиносӣ» (бакалавр) ва «Иқтисодиёт» (бакалавр) довталабон қабул карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳо ва аризаҳои довталабон аз рӯзи эълон то 2 июни соли 2018 қабул карда мешавад.

Page 11 of 11

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: