ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълонҳо

ЭЪЛОН

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719, санаи 01 августи соли ҷорӣ, соати 1000 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН

 

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабули довталабонро барои соли таҳсли 2019-2020 дар
Академияи гумруки Россия эълон менамояд

Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои ИДМ, дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пуррагардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумрукии Россия фиристонида мешаванд.

Дар соли таҳсили 2019 - 2020 ба Академияи гумруки Россия (Москва ш. Любертси) ва филиалҳояш дар шаҳри Санкт – Петербург, инчунин, шаҳри Ростови лаби Дон аз рӯйи ихтисосҳои «Фаъолияти гумрук» (мутахассис), «Ҳуқуқшиносӣ» (бакалавр) ва «Иқтисодиёт» (бакалавр) довталабон қабул карда мешаванд.

ЭЪЛОН

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719, санаи 14 феврали соли ҷорӣ, соати 1000 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Page 7 of 9

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: