ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълонҳо

Эълон

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719, санаи 30 июли соли ҷорӣ, соати 900 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

 

Резаахбор оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН 2020 - 2021

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои соли таҳсили 2020-2021 дар Академияи гумруки Россия эълон менамояд.

Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пурра гардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон- хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумруки Россия фиристонида мешаванд.

Интиқоли мол тариқи дидбонгоҳи гумрукии “Кулма” аз нав ба роҳ монда шуд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати субъектони пешбарандаи фаъолияти иқтисодӣ хориҷӣ мерасонад, ки шуруъ аз аввали моҳи майи соли ҷорӣ бо назардошти нисбатан ба эътидол омадани вазъи хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID -19) дар Ҷумҳурии Халқии Хитой интиқоли мол тариқи дидбонгоҳи гумрукии “Кулма” аз нав ба роҳ монда шудааст.

Page 6 of 9

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: