ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОН 2020 - 2021

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои соли таҳсили 2020-2021 дар Академияи гумруки Россия эълон менамояд.

Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пурра гардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон- хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумруки Россия фиристонида мешаванд.

 

Дар соли таҳсили 2020 - 2021 ба Академияи гумруки Россия (Москва ш.Любертси) ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Санкт – Петербург, Ростови лаби Дон аз рӯйи ихтисосҳои «Фаъолияти гумрукӣ» (мутахассис), «Ҳуқуқшиносӣ» (бакалавр) ва «Иқтисодчӣ» (бакалавр) ҳуҷҷатҳои довталабон қабул карда мешаванд.

Барои дохил шудан ба Академияи гумруки Россия ҳуҷҷатҳои довталабон аз 15 то 30 июни соли 2020 қабул карда мешавад.

Супоридани имтиҳонҳо аз ду марҳила иборат мебошад. Марҳилаи якум навиштани диктант бо забони рӯсӣ аз тарафи Хадамоти гумрук ва марҳилаи дуюм имтиҳони фосилавӣ аз фанҳои таърихи Россия, математика, забони рӯсӣ, забони англисӣ ва ҷомеашиносӣ (обществознание) аз ҷониби Академияи гумруки Россия қабул карда мешавад.

Ба диққати довталабон расонида мешавад, ки барои иштирок дар озмун, донистани фанҳои математика, забони рӯсӣ, забони англисӣ ва тайёрии хуби ҷисмонӣ, ҳатмӣ мебошад.

Оид ба шарту шароити таҳсил дар Академияи гумруки Россия ва филиалҳои он Шумо метавонед дар суроғаи rta.customs.ru маълумоти муфассал пайдо намоед.

Суроға: шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро-50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 ва 221-16-92 (иловагӣ 253).

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: