Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати субъектони пешбарандаи фаъолияти иқтисодӣ хориҷӣ мерасонад, ки шуруъ аз аввали моҳи майи соли ҷорӣ бо назардошти нисбатан ба эътидол омадани вазъи хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID -19) дар Ҷумҳурии Халқии Хитой интиқоли мол тариқи дидбонгоҳи гумрукии “Кулма” аз нав ба роҳ монда шудааст.
Интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт ба/аз Ҷумҳурии Халқии Хитой тариқи контейнерҳо амалӣ гашта, субъектони пешбарандаи фаъолияти иқтисодӣ хориҷӣ метавонанд фаъолияти худро тариқи дидбонгоҳи гумрукии “Кулма” ба роҳ монанд.