Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабули довталабонро барои соли таҳсли 2019-2020 дар
Академияи гумруки Россия эълон менамояд
Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои ИДМ, дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пуррагардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумрукии Россия фиристонида мешаванд.
Дар соли таҳсили 2019 - 2020 ба Академияи гумруки Россия (Москва ш. Любертси) ва филиалҳояш дар шаҳри Санкт – Петербург, инчунин, шаҳри Ростови лаби Дон аз рӯйи ихтисосҳои «Фаъолияти гумрук» (мутахассис), «Ҳуқуқшиносӣ» (бакалавр) ва «Иқтисодиёт» (бакалавр) довталабон қабул карда мешаванд.
Барои ба Академияи гумруки Россия дохил шудан, аризаи довталабон ба номи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 28 майи соли 2019 қабул карда мешавад.
Оид ба шарту шароити қабул ба Академияи гумруки Россия дар сомонаи расмии (веб-сайт) Академия ва филиалҳои вай метавонед шинос шавед (www.rta.customs.ru).
Суроға: шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро - 50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 ва 221-16-92 (иловагӣ 253).