Санаи 15-октябри соли 2018-ум қалби пур аз меҳру муҳаббат ва саршори орзуҳои подполковники хадамоти гумрук, сардори шуъбаи иттилоотӣ, Собиров Фахриддин Улмасович аз таппидан бозмонд.
Собиров Ф.У. санаи 21 октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, баъд аз гирифтани номаи камол ва ба итмом расонидани Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар соҳаҳои гуногун адои вазифа намудааст.
Дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 фаъолияти хешро оғоз намуда, таи ин солҳо бо кордонӣ, хоксорӣ, масъулиятнокӣ ва дараҷаи баланди касбият дар пешрафту бунёди мақомот ва ба воя расонидани кормандони ҷавон саҳми арзанда гузошта. Дараҷаи баланди кордониашро ба инобат гирифта соли 2018 ӯро ба вазифаи cардори шуъбаи иттилоотӣ таъин намуданд. Вале сад афсус, ки дасти аҷал имконаш надод, то баҳравар аз шаҳди зиндагӣ дар айни камолоти умраш бошаду дили дӯстону пайвандонро бо табассуми меҳрубононааш шод гардонад.
Руҳат шоду охиратат обод бошад ҳамкасби гиромӣ!
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон