ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи 68-уми ҷашнии Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Дар рӯзҳои 3 - 4 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии 68-уми ҷашнии Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе, баргузор мегардад. Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд ИДМ) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ дар санаи 23 декабри соли 1993 таъсис дода шуда, соли ҷорӣ 25-умин солгарди таъсисёбии он мебошад.

Бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироӣ самтҳои асосии фаъолияти Шӯро иборатанд:

- ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ;

-ташаккули механизмҳои самарабахши танзими тарифӣ ва ғайритарифӣ;

- таҳияи тавсияҳо оид ба соддагардонии муқаррароти гумрукӣ ва расмиёти он;

- таҳияи шаклҳои ҳуҷҷатҳо баҳри таъмини назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии мол;

- ҳамоҳангсозии ҳамкории амалии гумрукӣ ва дигар мақомотҳои манфиатдори миллии ИДМ дар самтҳои асосии сиёсати гумрукӣ;

- ташкили мубодилаи маълумотҳои омори гумрукии савдои хориҷӣ дар доираи ИДМ; - таҳияи барномаҳои стратегӣ оид ба таъмин намудани мақомотҳои гумруки ИДМ бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ;

- ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои гумрукӣ оид ба таҷдид ва навсозии дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ.  

 Дар кори ҷаласаи мазкур, роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок варзида, масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукиро баррасӣ менамоянд.

Мувофиқи регламенти тасдиқгардида, иҷлосияҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти гумрук дар як сол ду маротиба, бо навбат дар кишварҳои иштирокчии ИДМ гузаронида мешаванд.

Тибқи Рӯзномаи ҷаласаи 68-уми Шӯро масъалаҳои зерин дар рафти баргузории он мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Аз ҷумла,

- ахбороти котиботи Шӯро оид ба рафти иҷроиши қарорҳои дар ҷаласаи 67-уми Шӯро қабул гардида;

- лоиҳаи Технологияи намунавии ҳамкорӣ байни мақомотҳои гумрук ва интиқолдиҳандагон тавассути роҳҳои оҳани давлатҳои иштирокчии ИДМ ҳангоми амалиётҳои гумрукӣ (барасмиятдарории гумрукӣ) ва назорати гумрукии молҳое, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд.

- лоиҳаи Талаботи намунавии барои амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ;

- интихоби раиси Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ;

- таъин намудани котиби Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ;

- Нақшаи кории Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ барои соли 2019;

- Нақшаи кории Кумитаи роҳбарони ҳифзиҳуқуқии зерсохтори Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ барои соли 2019;

- иштироки мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ дар лоиҳаи озмоишии Созмони умумиҷаҳонии гумрук доир ба таҷрибаи васеъи истифодабарии забони руссӣ дар фаъолияти кории Созмони мазкур;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нашри руссии Системаи ҳамоҳангсозии шарҳ ва рамзгузории молҳо, Номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ;

- сана ва макони баргузории ҷаласаи навбатии 69-уми Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ ва ҷаласаи коршиносони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ дар соли 2019.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: