Дар доираи иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасонад, ки шурӯъ аз 1 октябри соли ҷорӣ барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ” ба роҳ монда мешавад.
.jpg)
Дар ин робита, ҷиҳати муносибгардонии назорати гумрукӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз молворидкунандагон дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мазкур манзур намудани маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ на дертар аз ду соат қабл аз расидани онҳо ба сарҳади гумрукӣ талаб карда мешавад.
.jpg)
.jpg)
Гузариш ба истифодабарии низоми иттилоотии “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро таҳти ҳамаи расмиёт ва низомҳои гумрукӣ фаро гирифта, ба содагардонӣ ва шаффофияти расмиёти гумрукӣ, тақвияти назорати гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат намуда, як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии равандҳои гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
.jpg)
Низоми иттилоотии мазкур бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳошияи марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавии Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)”, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ аз 22 июни соли 2022 дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд амалӣ гардида истодааст.
АСИКУДА-и ҷаҳонӣ – ин як низоми муосири идоракунии компютерӣ дар коргузории мақомоти гумруки зиёда аз 100 кишвари дунё ба шумор рафта, ҳадаф аз амалисозии системаи иттилоотии мазкур дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ бо истифода аз имзои электронии рақамӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии мол ва ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти гумруки кишварҳои хориҷӣ бо назардошти содагардонии расмиёти савдо, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ маҳсуб меёбад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


