ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти телефонҳои мобилӣ

Барои воридоти телефонҳои мобилӣ, аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои зерин ситонида мешаванд:

 

• 14% ААИ аз арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ (тибқи Кодекси андози ҶТ);

• 10 доллар – хироҷи гумрукӣ (таможенные сборы) (тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №472 аз 2 декабри соли 2005). Телефонҳое, ки арзиши онҳо то 100 доллари ИМА аст, аз пардохти хироҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Ибтидо аз 1 июли соли 2025, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2025, №346 ибтидо аз 1 июли соли 2025, барои телефонҳои мобилӣ 20% боҷи гумрукӣ (таможенная пошлина) ситонида мешаванд.

Аз воридоти телефонҳои мобилӣ барои истифодаи шахсӣ, пардохтҳои гумрукии дар боло зикршуда, рӯёнида мешаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: