Print

Пурсиши телефонии тоҷирони фаромарзӣ ва брокерҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон

Аз Муаллиф Қисмат: Эълонҳо Hits: 161

Моҳҳои сентябр-октябри соли 2022 аз ҷониби гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тоҷирони фаромарзӣ ва брокерҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон пурсиши телефонӣ гузаронида мешавад. Пурсиш бо мақсади муайян намудани камбудиҳои мавҷуда оид ба монеаҳое, ки занон ҳангоми анҷоми тиҷорати фаромарзӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд, инчунин барои омӯхтани муҳити тиҷорат тавассути объекти бахши хусусӣ, бахусус дар самти содагардонии расмиёти савдо оғоз мегардад.

Боиси қайд аст, ки тадқиқот болозикр аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар доираи Шарикии “Сармоягузории инфрасохтори босифат” маблағгузорӣ карда мешавад.

Аз тоҷирон бо таври интихобӣ тамос гирифта шуда, ширкати ватании тадқиқотӣ ҶДММ “Таҳлил ва Машварат” аз онҳо хоҳиш менамояд, ки дар муҳосибаи телефонӣ иштирок намоянд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки барои гузаронидани мусоҳибаи телефонӣ бо як шахс 30 дақиқа вақт сарф мешавад.

Мусоҳибаҳо ба гурӯҳи тадқиқотии Бонки умумиҷаҳонӣ имкон медиҳанд, камбудӣ ва монеаҳое, ки тоҷирон бо онҳо дучор мегарданд, инчунин нигоҳи тоҷирон ҷиҳати ошкор кардани рафъи ин камбудиҳо таҳлил намоянд. Ҷавобҳои гирифташуда танҳо бо мақсади тадқиқот истифода мешаванд ва комилан беном ва махфӣ хоҳанд буд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ барои иштирок дар тадқиқоти болозикр қаблан изҳори сипос менамоянд.