ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълонҳо

ЭЪЛОН 2026 - 2027

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои соли таҳсили 2026-2027 дар Академияи гумруки Россия эълон менамояд.

Дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии давлатҳои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудан ва такмили ихтисоси кормандони гумрук аз 23 ноябри соли 1994, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пурра гардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, аз ҳисоби шаҳрвандон - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба Академияи гумруки Россия фиристонида мешаванд.

Эълони нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1719, санаи 12 феврали соли 2026, соати 1000 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”

Дар доираи иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасонад, ки шурӯъ аз 1 октябри соли ҷорӣ барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ” ба роҳ монда мешавад.

Page 1 of 11

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: