ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пурсед, ҷавоб медиҳем!

- Зери ма фҳуми «Re-export», реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид ?

- Тибқи талаботи моддаи 239 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон реэкспорт — низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин қаламрав бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнуият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегардад;

- Ре-экспорт дар кадом маврид амалӣ карда мешавад ?

- Бо назардошти талаботи моддаи 240 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартҳои зерин ҷойгир карда мешавад: 1) Баровардани молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми муайяни гумрукӣ.
2) Баровардани моли қаблан барасмият даровардашуда таҳти низоми гумрукии иҷозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 Кодекси гумрук.
3) Содироти молҳои хориҷӣ, ки таҳти амалиёти коркард қарор нагирифтаанд ва қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шудаанд.
4) Содироти молҳои хориҷӣ, ки қаблан таҳти низомҳои гумрукии анбори гумрук, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ қарор дода шудаанд.
5) Содироти молҳои хориҷии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 1 моддаи 12 Кодекси гумрук).

- Кадом омилҳо сабаб мегарданд, ки молу маҳсулоти ба қаламрави гумрукӣ воридгардида реэкспорт карда шаванд?

- Бояд зикр кард, ки реэкспорт-ин низоми гумрук мебошад. Мутобиқи талаботи банди 2 моддаи 156 Кодекси гумрук шахс ҳуқуқ дорад, ки ҳар навъи низоми гумрукиро дар доираи муҳлати барои ҳар низом муқарраргардида интихоб намояд ё низоми онро тағйир диҳад, яъне қабули низоми реэкспорт танҳо дар сурати дархости асосноки шахси манфиатдор ҷараён мегирад. Ҷойгиркунии мол таҳти низоми гумрукии реэкспорт бо риояи шартҳои муқаррарнамудаи моддаи 240 Кодекси гумрук сурат мегирад. Ҳангоми аз ҷониби шахс риоя кардани низоми гумрукии арзшуда ва шартҳои иҷозати мол мақомоти гумрук вазифадор аст, ки барои таҳти низоми гумрукии арзшуда ҷойгир намудани мол иҷозат диҳад.

- Реэкспорт намудани мол дар кадом модаи Кодекси гумруки Ҷумҳури Тоҷикистон зикр гардидаст ва маблағи молу маҳсулоти реэкспортгардидаро кӣ ҷуброн мекунад ?

- Низоми гумрукии реэкспорт дар боби 27 аз моддаи 239 то моддаи 242 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст. Мутобиқи талаботи моддаи 241 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми реэкспорти мол озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо фароҳам оварда мешавад ё баргардонидани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад, агар чунин озодкунӣ ё баргардонидан ҳангоми анҷоми низоми гумрукӣ, ки тибқи он моли дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми содир намудани моли реэкспортшаванда боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд.
Дар асоси моддаи 242 Кодекси гумрук молҳои барои муомилоти озод иҷозат додашуда, ки онҳо дар рӯзи убури сарҳади гумрукӣ дорои камбудиҳо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабанди ё дигар шартҳои муомилоти иқтисоди хориҷӣ мувофиқат намекарданд ва бо ҳамин сабабҳо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд, метавонанд таҳти низоми гумрукии реэкспорт ҷойгир карда шаванд.

1) Агар ин молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои муайян намудани камбудӣ ё дигар ҳолатҳое, ки сабаби баргардонидани онҳо гардидаанд, истифода шуда бошанд.
2) Метавонанд аз ҷониби мақомоти гумрук ҳаммонанд карда шаванд.
3) Давоми 6 моҳ аз рӯзи иҷозати онҳо барои муомилоти озод бароварда шаванд.
Ҳангоми реэкспорти мол маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 397 Кодекси гумрук баргардонида мешаванд.

- Оё соли равон ягон ҳолати реэкспорт гардидани молу маҳсулот аз қаламрави гумруки Ҷумҳури Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст ?

- Албатта, ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки мол ва воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бо назардошти муроҷиати асосноки субъектони фаъолияти хориҷӣ таҳти низоми гумрукии реэкспорт ҷойгир карда мешаванд. Аз ҷумла, молу воситаҳои нақлиёте, ки бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди мамлакат ворид гардида буданд, таҳти низоми гумрукии реэкспорт ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд. Масалан, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2018 «Дар бораи манъи воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 (мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 15 феврали соли 2018 манъ карда шудааст. Дар ҳамин росто, воситаҳои нақлиёти воридгаштаи соли бароришашон то соли 2005 бо дархости асосноки шахсони манфиатдор мавриди реэкспорт қарор гирифтаанд.

- Дар ҷараёни реэкспорт намудани молу маҳсулот намояндагони кадом мақомоти ҳуқуқӣ иҷозати иштирок кардан доранд?

- Реэкспорти молу воситаҳои нақлиёт дар асоси Кодекси гумрук ва фармоиши Хадамоти гумрук аз 19 июли соли 2007 дар бораи «Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда» амалӣ мегардад. Иштироки намояндаи дигар мақомотро ҳангоми қабули низоми гумрукии реэкспорт санадҳои меъёрию ҳуқуқии мазкур муайян накардааст.

- Дар ин масъала дар байни соҳибкорон ва дигар субъектҳои иқтисодӣ корҳои фамондадиҳӣ бурда мешаванд?

- Тавре гуфтем, санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунанда дар самти низоми гумрукии реэкспорт Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Хадамоти гумрук аз 19 июли соли 2007 дар бораи “Тартиби ба расмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда” ба ҳисоб мераванд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: