ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саволу ҷавоб

Пурсед, ҷавоб медиҳем!

- Зери ма фҳуми «Re-export», реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид ?

- Тибқи талаботи моддаи 239 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон реэкспорт — низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин қаламрав бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнуият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегардад;

Re-Export чист ва зери мафҳуми «реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид?

Савол: Мафҳуми «Re-export», реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид?

Ҷавоб: — Тибқи талаботи моддаи 239 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон реэкспорт — низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин қаламрав бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнуият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегардад.

Савол: — Ре-экспорт дар кадом маврид амалӣ карда мешавад?

Ҷавоб: Бо назардошти талаботи моддаи 240 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартҳои зерин ҷойгир карда мешавад:

1) Баровардани молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд, то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми муайяни гумрукӣ.

2) Баровардани моли қаблан барасмият даровардашуда таҳти низоми гумрукии иҷозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 Кодекси гумрук.

3) Содироти молҳои хориҷӣ, ки таҳти амалиёти коркард қарор нагирифтаанд ва қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шудаанд.

4) Содироти молҳои хориҷӣ, ки қаблан таҳти низомҳои гумрукии анбори гумрук, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ қарор дода шудаанд.

5) Содироти молҳои хориҷии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 1 моддаи 12 Кодекси гумрук).

Савол: Ахмедова Р.Т.

Ман мол ворид менамоям ва мехоҳам, ки барасмиятдарории гумрукӣ дар анбори худам сурат гирад. Оё ман ин ҳуқуқро дорам?

 

Ҷавоб:

 

Тибқи талаботи моддаи 465 КГ ҶТ барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он анҷом дода мешавад. Аз рӯи дархости шахси манфиатдор ва иҷозати хаттии роҳбари мақомоти гумрук ё шахси ваколатдори он амалиёти гумрукӣ метавонад дар дигар маҳалҳо анҷом дода шавад, ба шарте агар ин самаранокии назорати гумрукиро паст нанамояд.

Page 1 of 2

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: