Дар ҳамин Кодекс мафҳумҳои асоси ба маънои зайл истифода бурда мешаванд: |
1) амалиёти гумруки - амалҳои алоҳида нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби шахсон ва мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт иҷро карда мешаванд; |
2) андозҳо - андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки мақомоти гумрук вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумруки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меситонанд; |
3) андозҳои дохили - андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ҳангоми муомилоти мол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад; |
4) боркашон (интиқолдиҳанда) - шахсе, ки молро аз сарҳади гумруки ва таҳти назорати гумруки дар доираи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад ё барои истифодаи воситаи нақлиёт масъул аст; |
5) брокери гумруки (намоянда) - миёнараве, ки амалиёти гумрукиро аз номи декларант ва (ё) бо супориши он ё шахси дигар, ки ба зиммаи ӯ чунин масъулият гузошта шудааст, иҷро мекунад ё ба вай ҳуқуқ дода шудааст, ки амалиёти гумрукиро мувофиқи ҳамин Кодекс анҷом диҳад; |
6) воридоти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон - интиқоли воқеии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумруки ва ҳамаи дигар амалҳои мувофиқи ҳамин Кодекс пешбинишуда бо мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт то замони иҷозати онҳо аз ҷониби мақомоти гумрук; |
7) воситаҳои нақлиёт - ҳама гуна киштии дарёи (аз ҷумла лихтерҳои худгард ва ғайрихудгард, баржаҳо, инчунин киштиҳои болдор), киштиҳои дорои болиштҳои пурбод, тайёраҳо, нақлиёти автомобили (аз ҷумла ядакҳо, нимядакҳо, воситаҳои нақлиёти омехта) ё воҳиди ҳаракаткунандаи роҳи оҳанро дар бар мегирад, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии интиқоли пулакии шахсон ё ҳамлу нақли пулаки ва ройгони бори саноати ва тиҷорати истифода мешаванд, инчунин қисмҳои эҳтиётии штати, олот ва таҷҳизот, сӯзишворию равғанҳои молидании дар бакҳои штати мавҷуда, агар онҳо якҷоя бо воситаҳои нақлиёт интиқол дода шаванд; |
8) декларант - шахсе, ки молро декларатсия мекунад ё аз номи ӯ мол декларатсия карда мешавад; |
9) декларатсияи гумрук - ҳуҷҷати дорои шакли муайян, ки дар он тибқи ҳамин Кодекс маълумоти барои мақомоти гумрук зарури зикр карда мешавад; |
10) интиқоли мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумруки - бо усулҳои гуногун ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ё аз он содир кардани молу воситаҳои нақлиёт; |
11) интиқоли ғайриқонунии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумруки - амали воридот ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз ин қаламрав бо вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс; |
12) иҷозати мол - амали мақомоти гумрук, ки ба шахсони манфиатдор барои истифода ва (ё) ихтиёрдории мол тибқи низоми гумруки иҷозат медиҳад; |
13) иҷозати шарти - иҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт бо маҳдудиятҳо ва шартҳои муқарраршуда оид ба истифода ва ихтиёрдории онҳо; |
14) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукимақоми давлатии дахлдор, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бевоситаи иҷрои вазифаҳо дар соҳаи фаъолияти гумруки ва истифодаи якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳамаи мақомоти гумрук дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудааст; |
15) мақомоти гумрук - мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумруки ва воҳидҳои тобеи он, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар ҳамин Кодекс мақомоти гумруки давлатҳои хориҷи ёдовар шудаанд; |
16) мол - ҳама гуна амволи манқули ҳам ба мақсадҳои тиҷорати ва ҳам ғайритиҷорати аз сарҳади гумруки интиқолшаванда, инчунин воситаҳои нақлиёти марбут ба амволи ғайриманқул, ки аз сарҳади гумруки интиқол дода мешаванд. Воситаҳои нақлиёти дар банди 7 ҳамин қисм нишондодашуда ба мол тааллуқ надоранд; |
17) моли ватани - моле, ки барои мақсадҳои гумрук дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои статуси муомилоти озод мебошад, яъне моле, ки аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир нашудааст ва пурра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидааст, моли барои муомилоти озод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда ва моле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моли барои муомилоти озод дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда истеҳсол гардидааст; |
18) моли хориҷи - моле, ки моли ватани ҳисобида намешавад; |
19) моли таҳти назорати гумруки қарордоштамоли хориҷие, ки то замони иҷозати он ба муомилоти озод, интиқоли воқеии мол аз сарҳади гумруки ҳангоми содирот ё худ то замони нобудкунии он, ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, инчунин моли ватани аз замони содироти он аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон то замони интиқоли воқеии он аз сарҳади гумруки; |
20) муомилоти озод - муомилоти мол дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон; |
21) назорати гумруки - маҷмӯи тадбирҳое, ки мақомоти гумрук бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамоянд; |
22) низоми гумруки - расмиёти гумрукие мебошад, ки маҷмӯи талабот ва шартҳо, аз ҷумла тартиби нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт истифода бурдани боҷҳои гумруки ва андоз, мамнӯият ва маҳдудиятҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақоми мол ва воситаҳои нақлиётро ба мақсадҳои гумруки вобаста бо мақсади интиқоли онҳо аз сарҳади гумруки ва истифодабари дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз ин қаламрав дар бар мегирад; |
23) расмиёти гумруки - маҷмӯи муқаррароте, ки статуси мол ва воситаҳои нақлиёти аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшавандаро барои мақсадҳои гумруки муайян менамояд; |
24) содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон - пешниҳоди декларатсияи гумруки ё анҷом додани амалҳои дар сархати дуюми ҳамин банд зикршуда, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт, инчунин дигар амалҳои мувофиқи ҳамин Кодекс барои мол ва воситаҳои нақлиёт то замони интиқоли ҳақиқии онҳо аз сарҳади гумруки пешбинишуда нигаронида шудааст. Ба амалҳое, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, амали дохил шудани (вуруди) шахси воқеии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷшаванда ба минтақаи назорати гумруки, ворид шудани воситаҳои нақлиёт ба нуқтаи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баровардани он аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани мол ба ташкилотҳои нақлиёти ва (ё) муросилоти байналмилали тавассути ташкилотҳои (муассисаҳои) алоқаи почта барои ирсол берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали шахс ҷиҳати бо мол ва воситаҳои нақлиёт мустақиман баромадан аз сарҳади гумруки берун аз маҳалҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ба ҳисоб меравад; |
25) статуси (мақоми) мол ва воситаҳои нақлиёт барои мақсадҳои гумруки - мавҷуд будан ё набудани мамнӯият ва маҳдудиятҳо барои ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт, ки мувофиқи ҳамин Кодекс муқаррар шудааст; |
26) шахсони манфиатдор - шахсоне, ки манфиати онҳо тавассути қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук нисбати мол ва воситаҳои нақлиёт мустақиман ва инфироди дахолат карда мешавад, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд; |
27) шахсон - шахси воқеи ва ҳуқуқи, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд; |
28) шахсони хориҷи - шахсоне, ки шахсони ватани ҳисобида намешаванд; |
29) шахсони ватани - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳали истиқомати доими дорад, соҳибкори инфироди, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, инчунин шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст; |
30) шахси ҳуқуқии ватани - шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст; |
31) экспедитор - шахсе, ки мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиёти мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад; |
32) ҳуҷҷатҳои тиҷорати - ҳисобнома-фактура (инвойс), варақаҳои боррасони ва бастабанд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар анъанаҳои муомилоти кори ҳангоми анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷи ва дигар фаъолият истифода мегарданд ва онҳо тибқи қонун, созишномаи тарафҳо ё анъанаҳои муомилоти кори барои тасдиқи анҷом додани аҳдҳо вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумруки истифода бурда мешаванд, агар аз ҳамин Кодекс тартиби дигаре барнаояд; |
33) ҳуҷҷатҳои гумруки - ҳуҷҷатҳое, ки танҳо барои мақсадҳои гумруки таҳия шудаанд; |
34) ҳуҷҷатҳои нақлиёти (борбари)коносамент, борхат ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудият ва мазмуни шартномаро барои интиқоли мол тасдиқ менамоянд ва ҳангоми интиқоли байналмилали ҳамроҳикунандаи мол ва воситаҳои нақлиёт мебошанд; |