ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълон

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад:

 

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ (6)

Раёсати молиявию хоҷагӣ:

- нозир – 1 воҳид;.

Маъмурияти системаи автоматонидашудаи ягона:

- нозир – 1 воҳид; (барномасоз).

Шуъбаи иттилоотӣ:

- нозири калон – 1 воҳид; (рӯзноманигор, филолог).

Шуъбаи оперативии навбатдорӣ:

- нозир - 2 воҳид.

Донишкадаи такмили ихтисос «Кафедраи ташкили назорати гумрукӣ ва информатика»:

- нозири калон – 1 воҳид;.

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ (14)

Шуъбаи таҳлил ва омори гумрукӣ:

- нозир - 1 воҳид;

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 2 воҳид;

Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:

Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирон»:

- нозир - 10 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол»:

- нозир - 1 воҳид;

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД (21)

Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ:

- нозир - 1 воҳид.

Шуъбаи таҳлил ва омори гумрукӣ:

- нозир – 1 воҳид.

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир – 3 воҳид.

Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:

Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирон:

- нозир – 5 воҳид.

Гумрук дар нақлиёти роҳи оҳани Ғафуров:

Дидбонгоҳи гумрукии роҳи оҳани «Нов»:

- нозир – 2 воҳид.

Гумруки Спитамен:

Дидбонгоҳи гумрукии «Ҳаштяк»:

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Конибодом:

Дидбонгоҳи гумрукии «Равот»:

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Ҷаббор Расулов:

Дидбонгоҳи гумрукии «Маданият»:

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Зафаробод :

Дидбонгоҳи гумрукии «Ҳавотог» :

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Исфара:

Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» :

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Панҷакент:

Дидбонгоҳи гумрукии «Саразм»:

- нозир - 1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (8)

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Шаҳритуз:

Дидбонгоҳи гумрукии «Ҳошадӣ»:

- нозир – 1 воҳид.

Гумруки Шаҳритуз:

Дидбонгоҳи гумрукии «Айвоҷ»:

- нозир – 2 воҳид.

Гумруки Кулоб:

Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Майдони ҳавоии шаҳри Кулоб:

- нозир – 2 воҳид.

Гумруки Қурғонтеппа:

Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Майдони ҳавоии шаҳри Бохтар:

- нозир – 1 воҳид.

  

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ (11)

Бахши Котибот:

- нозир – 1 воҳид.

Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир – 2 воҳид.

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир – 2 воҳид.

Шуъбаи мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт:

- нозир – 2 воҳид.

Бахши назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит:

- нозир – 1 воҳид.

Бахши кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ:

- нозир – 1 воҳид.

Гумруки Мурғоб:

- нозир – 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Терминали Хоруғ»:

- нозир – 1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (9)

Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзӣ:

- нозир - 1 воҳид.

Шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ:

- нозир - 1 воҳид.

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом

- нозир - 2 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод»:

- нозир - 5 воҳид.

 

1. ТАЛАБОТҲО БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН:

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- синну сол аз 20 то 35;

- маълумоти олӣ аз рӯи ихтисосҳои фаъолияти гумрукӣ;

- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;

- қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир;

- ба нафароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд ва собиқаи кории касбӣ доранд, бартарият дода мешавад.

Маоши вазифавӣ аз 626 сомонӣ то 771 сомонӣ.

Барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.

Мутобиқи банди 10 - и моддаи 483 - и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук №72 - ф аз 06 апрели соли 2007 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи талаботи тахассусӣ, нисбати кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои нозирони калон мавҷудияти собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 1 сол муқаррар карда шудааст. 

2. Довталабон бояд, дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин, вазъи саломатии хуб, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бароянд. 

3. Довталабон оид ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук, метавонанд аз сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gumruk.tj маълумот дастрас намоянд. 

4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

 - ариза ба номи Сардори Хадамоти гумрук;

- шаҳри ҳол ва пурсишнома (аз ҷониби мақомот дода мешавад);

- 2 адад акси 3/4 ва 2 адад 9/12;

- нусхаи шиноснома;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;

- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони собиқаи корӣ дошта);

- тавсифнома аз ҷои кори охирин (характеристика);

- тақриз (отзыв);

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. 

5. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар муҳлати то 21 рӯзи корӣ баъди чопи эълон қабул карда мешаванд.

 

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро -50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 ва 221-16-92

(илова 233). 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: