ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълон

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад:

 

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ (3)

Маъмурияти системаи автоматонидашудаи ягона:

- нозир – 1 воҳид; (барномасоз).

Шуъбаи иттилоотӣ:

- нозири калон – 1 воҳид; (рӯзноманигор, филолог).

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 1 воҳид.

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ (6)

Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:

Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»:

- нозир - 5 воҳид.

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 1 воҳид;

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД (11)

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:

- нозир – 4 воҳид.

Гумрук дар нақлиёти роҳи оҳани Ғафуров:

Дидбонгоҳи гумрукии роҳи оҳани «Нов»:

- нозир – 2 воҳид.

Гумруки Ҷаббор Расулов:

Гурӯҳи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ:

- нозир – 1 воҳид.

Гумруки Зафаробод:

Дидбонгоҳи гумрукии «Зафаробод»:

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Исфара:

Гурӯҳи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ:

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Панҷакент:

Нозири мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ:

- нозир - 1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (5)

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Шаҳритуз:

Дидбонгоҳи гумрукии «Ҳошадӣ»:

- нозир – 2 воҳид.

Гумруки Қурғонтеппа:

Дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Майдони ҳавоӣ»-и шаҳри Бохтар:

- нозир – 1 воҳид.

Гумруки Кулоб:

Дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Майдони ҳавоӣ»-и шаҳри Кулоб:

- нозир – 1 воҳид.

  

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (9)

Котибот (бахш):

- нозир - 1 воҳид.

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 1 воҳид.

Бахши кадрҳо ва кор бо ҳайти шахсӣ:

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод»:

- нозир - 5 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Заводи алюминии тоҷик»:

- нозир - 1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ (9)

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир – 2 воҳид.

Шуъбаи мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт:

- нозир – 2 воҳид.

Бахши таҳлил ва омори гумрукӣ:

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Хумроғӣ»:

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Тем»:

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Ишкошим»:

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Мурғоб:

Дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-арт»:

- нозир - 1 воҳид.

 

1. ТАЛАБОТҲО БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН:

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- синну сол аз 20 то 35;

- маълумоти олӣ аз рӯи ихтисосҳои фаъолияти умури гумрукӣ, иқтисодчӣ ва ҳуқуқшиносӣ;

- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;

- қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир;

- ба нафароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд ва собиқаи кории касбӣ доранд, бартарият дода мешавад.

Маоши вазифавӣ аз 626 сомонӣ то 771 сомонӣ.

Барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.

Мутобиқи банди 10 - и моддаи 483 - и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук №72 - ф аз 06 апрели соли 2007 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи талаботи тахассусӣ, нисбати кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои нозирони калон мавҷудияти собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 1 сол муқаррар карда шудааст. 

2. Довталабон бояд, дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин, вазъи саломатии хуб, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бароянд. 

3. Довталабон оид ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук, метавонанд аз сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gumruk.tj маълумот дастрас намоянд. 

4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

 - ариза ба номи Сардори Хадамоти гумрук;

- шаҳри ҳол ва пурсишнома (аз ҷониби мақомот дода мешавад);

- 2 адад акси 3/4 ва 2 адад 9/12;

- нусхаи шиноснома;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони собиқаи корӣ дошта);

- тавсифнома аз ҷои кори охирин (характеристика);

- тақриз (отзыв);

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. 

5. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар муҳлати то 21 рӯзи корӣ баъди чопи эълон қабул карда мешаванд.

 

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро -50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 ва 221-16-92

(илова 233). 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: