Э Ъ Л О Н
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук
ба мансабҳои зерин озмун эълон мекунад:
ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ (5)
Раёсати молиявию хоҷагӣ
- нозир – 2 воҳид (муҳосиб).
Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона
- нозир – 3 воҳид (барномасоз, мутахассиси системаи иттилоотӣ).
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ (8)
Шуъбаи таҳлил ва омори гумрукӣ
Бахши СИАЯ
- нозир – 1 воҳид (барномасоз, мутахассиси системаи иттилоотӣ).
Бахши молиявию хоҷагӣ
- нозир – 1 воҳид (муҳосиб).
Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
Дидбонгоҳи гумрукии назорати мусофирон
- нозир – 5 воҳид;
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД (40)
Шуъбаи коргузорӣ ва назорат
- нозир – 1 воҳид.
Шуъбаи таҳлил ва омори гумрукӣ
Бахши СИАЯ
- нозир – 1 воҳид (барномасоз, мутахассиси системаи иттилоотӣ).
Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ
- нозир – 1 воҳид.
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир – 2 воҳид.
Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»
Дидбонгоҳи гумрукии назорати мусофирон
- нозир – 5 воҳид.
- нозир кинолог - 2 воҳид.
Гумрук дар Истгоҳи роҳи оҳани Бобоҷон Ғафуров
Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Спитамен
- нозир - 3 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Конибодом
- нозир - 2 воҳид.
Гумрук дар шаҳри Хуҷанд
Дидбонгоҳи гумрукии Овчи-Қалъача
- нозир – 3 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Спитамен
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ҳаштяк
- нозир – 2 воҳид.
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
Гумрук дар шаҳри Конибодом
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Равот
- нозир – 2 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Маданият
- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан).
- нозир-кинолог – 2 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Ашт
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Навбунёд
- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан).
Гумрук дар ноҳияи Зафаробод
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Зафаробод
- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан).
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ҳавотог
- нозир – 2 воҳид (ҷинси зан).
Гумрук дар шаҳри Истаравшан
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Истаравшан
- нозир – 2 воҳид (ҷинси зан).
Гумрук дар шаҳри Исфара
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Гулистон
- нозир - 2 воҳид.
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
Гумрук дар шаҳри Панҷакент
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Саразм
- нозир - 2 воҳид.
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (8)
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир – 1 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Шаҳритус
-Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Хошадӣ
- нозир – 2 воҳид.
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
Гумрук дар шаҳри Кулоб
-Дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»
- нозир – 1 воҳид.
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
Гумрук дар шаҳри Бохтар
-Дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар»
- нозир – 1 воҳид;
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ (12)
Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ
- нозир – 1 воҳид.
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир – 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ишкошим (ноҳияи Ишкошим)
- нозир - 2 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Хумроғӣ (ноҳияи Ванҷ)
- нозир - 1 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Мурғоб
Гурӯҳи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Қизил-Арт (ноҳияи Мурғоб)
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Қизил-работ (ноҳияи Мурғоб)
- нозир - 2 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Лангар (ноҳияи Ишкошим)
- нозир - 3 воҳид.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (7)
Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ
- нозир – 1 воҳид.
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир – 2 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии Пахтаобод
- нозир – 2 воҳид;
- нозир-кинолог – 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ҳисор
- нозир – 1 воҳид.
1. Талабот барои иштирок дар озмун:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- синну сол аз 20 то 35;
- маълумоти олӣ аз рӯи ихтисоси фаъолияти гумрукӣ;
- вобаста ба мансабҳои дар озмун пешниҳодшуда,
ихтисосҳои (барномасоз, автоматонии системаҳои коркарди иттилоот,
ҳуқуқшинос, таҳлил ва омор, молия ва қарз ва ветеринарӣ).
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ.
- қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир.
- хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маоши вазифавӣ аз 1722 сомонӣ то 1891 сомонӣ.
Барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.
2. Довталабон бояд, дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин, вазъи саломатии хуб, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бароянд.
3. Довталабон оид ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар Хадамоти гумрук, метавонанд аз сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gumruk.tj маълумот дастрас намоянд.
4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ариза ба номи Сардори Хадамоти гумрук;
- шарҳи ҳол ва пурсишнома (аз ҷониби мақомот дода мешавад);
- нусхаи шиноснома;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;
- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони собиқаи коридошта);
- нусхаи билети ҳарбӣ (ба ѓайр аз занҳо);
- тавсифнома аз ҷои кори охирин (характеристика);
- тақриз (отзыв);
- 4 адад расм бо андозаи 3/4 ва 2 адад 9/12;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
5. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар муҳлати то 21 рӯзи корӣ баъди нашри эълон қабул карда мешаванд.
6. Санҷишу имтиҳонҳо аз 3 марҳила иборат мебошад (марҳилаи 1 ба тариқи тестӣ, марҳилаи 2 навиштани кори хаттӣ-диктант ва марҳилаи 3 ба тариқи суҳбат).
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро -50/1, бинои Дастгоҳи
марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 221-22-35 (илова 121, 203, 233).


