Э Ъ Л О Н
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои
зерин озмун эълон мекунад:
ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ (8)
Раёсати молиявию хоҷагӣ
Шуъбаи корҳои сохтмонию таъмирӣ ва рушди инфраструктураи гумрукӣ
- нозир - 1 воҳид (сохтмончӣ).
Шуъбаи оперативии навбатдорӣ
- нозир - 3 воҳид.
Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона
- нозир – 4 воҳид (барномасоз).
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ (6)
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир - 1 воҳид.
Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
Дидбонгоҳи гумрукии назорати мусофирон
- нозир - 1 воҳид;
- нозир кинолог - 2 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии Терминали шаҳри Душанбе
- нозир кинолог - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Лахш
- нозир кинолог - 1 воҳид.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД (11)
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир - 1 воҳид.
Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»
Дидбонгоҳи гумрукии назорати мусофирон
- нозир – 1 воҳид.
Гумрук дар Истгоҳи роҳи оҳани Бобоҷон Ғафуров
Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Спитамен
- нозир - 2 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- нозир-кинолог - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Маданият
- нозир – 1 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Ашт
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Навбунёд
- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан).
Гумрук дар ноҳияи Зафаробод Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Зафаробод
- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан).
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ҳавотог
- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан).
Гумрук дар шаҳри Истаравшан
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Истаравшан
- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан).
Гумрук дар шаҳри Исфара
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Гулистон
- нозир - 1 воҳид;
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (3)
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир - 1 воҳид.
Гумрук дар шаҳри Бохтар
-Дидбонгоҳи гумрукӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”
- нозир – 1 воҳид ҷинси зан.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Кокул
- нозир – 1 воҳид ҷинси зан.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ (7)
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир – 1 воҳид.
Гумрук дар ноҳияи Мурғоб
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Қизил-Арт (ноҳияи Мурғоб)
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Қизил-работ (ноҳияи Мурғоб)
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Рузвай (ноҳияи Дарвоз)
- нозир-кинолог - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Хумроғӣ (ноҳияи Ванҷ)
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Тем (шаҳри Хоруғ)
- нозир-кинолог - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ишкошим
- нозир - 1 воҳид.
РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (5)
Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии Пахтаобод
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукӣ дар «Ширкати алюминии тоҷик»
- нозир - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Дӯстӣ
- нозир-кинолог - 1 воҳид.
Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ҳисор
- нозир – 1 воҳид ҷинси зан.
1. Талабот барои иштирок дар озмун:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- синну сол аз 20 то 35;
- маълумоти олӣ аз рӯи ихтисоси фаъолияти гумрукӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
- қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир;
Маоши вазифавӣ аз 1051 сомонӣ то 1126 сомонӣ.
Барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.
2. Довталабон бояд, дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин, вазъи саломатии хуб, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бароянд.
3. Довталабон оид ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар Хадамоти гумрук, метавонанд аз сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gumruk.tj маълумот дастрас намоянд.
4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ариза ба номи Сардори Хадамоти гумрук;
- шарҳи ҳол ва пурсишнома (аз ҷониби мақомот дода мешавад);
- 4 адад расм бо андозаи 3/4 ва 2 адад 9/12;
- нусхаи шиноснома;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;
- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони собиқаи коридошта);
- нусхаи билети ҳарбӣ (ба ғайр аз занҳо);
- тавсифнома аз ҷои кори охирин (характеристика);
- тақриз (отзыв);
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
5. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар муҳлати то 21 рӯзи корӣ баъди нашри эълон қабул карда мешаванд.
6. Санҷишу имтиҳонҳо аз 3 марҳила иборат мебошад (марҳилаи 1 ба тариқи тестӣ, марҳилаи 2 навиштани кори хаттӣ ва марҳилаи 3 ба тариқи суҳбат).
7. Кормандони КВД "Маркази Равзанаи ягона"-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар озмун иштирок намоянд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро -50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 ва 221-16-92 (илова 121).