Print

Эълон

Аз Муаллиф Қисмат: Эълон барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ Hits: 932

Э Ъ Л О Н
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои қабул намудан ба хизмат дар мақомоти гумрук ба вазифаҳои
зерин озмун эълон мекунад:

 

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ (4)

Шуъбаи иттилоотӣ

- нозири калон – 1 воҳид; (рӯзноманигор, филолог)

Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона

- нозир – 3 воҳид (барномасоз)

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ (3)

Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Дидбонгоҳи гумрукии назорати мусофирон - нозир - 1 воҳид; - нозир кинолог - 2 воҳид.

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД (12)

Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

Дидбонгоҳи гумрукии назорати мусофирон - нозир – 1 воҳид;

Гумрук дар ноҳияи Спитамен

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ҳаштяк - нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Гумрук дар шаҳри Конибодом

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Патар - нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Равот - нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Гумрук дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Маданият - нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Гумрук дар ноҳияи Ашт

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Навбунёд - нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Гумрук дар ноҳияи Мастчоҳ

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Фотеҳобод

- нозир-кинолог - 1 воҳид;

Гумрук дар ноҳияи Зафаробод

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Зафаробод

- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Гумрук дар шаҳри Истаравшан

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Истаравшан

- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Гумрук дар шаҳри Исфара

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Гулистон

- нозир - 1 воҳид;

Гумрук дар шаҳри Панҷакент

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Саразм

- нозир - 1 воҳид (ҷинси зан);

- нозир-кинолог - 1 воҳид.

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (3)

Гумрук дар шаҳри Кулоб

-Дидбонгоҳи гумрукӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб”

- нозир – 1 воҳид;

Гумрук дар ноҳияи Шаҳритус

- Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Истгоҳи роҳи оҳани Хошадӣ

- нозир – 1 воҳид (ҷинси зан);

Гумрук дар шаҳри Бохтар

-Дидбонгоҳи гумрукӣ дар дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

- нозир – 1 воҳид.

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ (5)

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом

- нозир – 2 воҳид;

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Тем

- нозир-кинолог - 1 воҳид;

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ишкошим

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Қизил-Арт

- нозир - 1 воҳид.

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (3)

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом

- нозир - 1 воҳид;

Дидбонгоҳи гумрукии Пахтаобод

- нозир - 2 воҳид.

 

1. Талабот барои иштирок дар озмун:

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- синну сол аз 20 то 35;

- маълумоти олӣ аз рӯи ихтисоси фаъолияти гумрукӣ;

- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;

- қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир;

Маоши вазифавӣ аз 820 сомонӣ то 901 сомонӣ.

Барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.

Мутобиқи банди 10 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук №72-ф аз 6 апрели соли 2007 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи талаботи тахассусӣ, нисбати кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои нозирони калон мавҷудияти собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 1 сол муқаррар карда шудааст.

2. Довталабон бояд, дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин, вазъи саломатии хуб ва аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бароянд.

3. Довталабон оид ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук, метавонанд аз сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gumruk.tj маълумот дастрас намоянд.

4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- ариза ба номи Сардори Хадамоти гумрук;

- шарҳи ҳол ва пурсишнома (аз ҷониби мақомот дода мешавад);

- 4 адад расми 3/4 ва 2 адад 9/12;

- нусхаи шиноснома;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;

- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони собиқаи коридошта);

- нусхаи билети ҳарбӣ (ба ғайр аз занҳо)

- тавсифнома аз ҷои кори охирин (характеристика)

- тақриз (отзыв);

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

5. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар муҳлати то 21 рӯзи корӣ баъди чопи эълон қабул карда мешаванд.

6. Санҷишу имтиҳонҳо аз 3 марҳила иборат мебошад (марҳилаи 1 ба тариқи тестӣ, марҳилаи 2 навиштани кори хаттӣ ва марҳилаи 3 ба тариқи суҳбат).

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро -50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 ва 221-16-92 (илова 121).