ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълон

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

БАРОИ ҚАБУЛ НАМУДАН БА ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ ГУМРУК 

БА ВАЗИФАҲОИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:

 

 

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТ

Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона:

- нозир - 1 воҳид, (барномасоз).

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:

Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирон

- нозир - 4 воҳид. 

 

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ:

- нозир - 1 воҳид.

Шуъбаи таҳлил ва омори гумрукӣ:

- нозири калони бахши СИАЯ - 1 воҳид, (барномасоз).

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки «Майдони ҳавоӣ»:

Дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирон

- нозир - 5 воҳид.

Гумруки Хуҷанд:

Дидбонгоҳи гумрукии «Овчи-Қалъача»

- нозир - 3 воҳид.

Гумруки Спитамен:

Дидбонгоҳи гумрукии «Ҳаштяк»

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Конибодом:

Дидбонгоҳи гумрукии «Патар»

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Равот»

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Ашт:

Дидбонгоҳи гумрукии «Навбунёд»

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Зафаробод:

- нозири калон - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Ҳавотог»

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Истаравшан:

Дидбонгоҳи гумрукии «Ӯротеппа»

- нозир - 1 воҳид.

Гумруки Панҷакент:

Дидбонгоҳи гумрукии «Саразм»

- нозир - 3 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Шуъбаи таҳлил ва омори гумрукӣ:

- нозири калони бахши СИАЯ - 1 воҳид, (барномасоз).

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод»:

- нозир - 2 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 2 воҳид.

Гумруки Кулоб:

Дидбонгоҳи гумрукӣ дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кулоб

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукӣ дар Майдони ҳавоии шаҳри Кулоб

- нозир - 2 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии Ёвон

- нозир -1 воҳид.

 

РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКӢ ДАР ВМКБ

Бахши Котибот:

- нозир - 1 воҳид.

Бахши кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ:

- нозири калон - 1 воҳид.

Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом:

- нозир - 2 воҳид.

Шуъбаи мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт:

- нозир - 1 воҳид.

Дидбонгоҳи гумрукии «Терминали Хоруғ»:

- нозир - 1 воҳид.

1. ТАЛАБОТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН:

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- синну сол аз 20 то 35;

- маълумоти олӣ аз рӯи ихтисоси фаъолияти гумрукӣ;

- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;

- қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир.

Маоши вазифавӣ аз 673 сомонӣ то 833 сомонӣ.

БАРОИ РУТБА ВА СОБИҚАИ КОРӢ МАОШИ ИЛОВАГӢ ДОДА МЕШАВАД.

Мутобиқи банди 10 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук №72-ф аз 06 апрели соли 2007 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи талаботи тахассусӣ, нисбати кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои нозирони калон мавҷудияти собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 1 сол муқаррар карда шудааст.

2. Довталабон бояд дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, инчунин, вазъи саломатии хуб, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бароянд.

3. Довталабон оид ба қоидаҳои гузаронидани озмун барои қабул ба хизмат дар Хадамоти гумрук, метавонанд аз сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gumruk.tj маълумот дастрас намоянд.

4. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- ариза ба номи сардори Хадамоти гумрук;

- шарҳи ҳол ва пурсишнома (аз ҷониби мақомот дода мешавад);

- 2 адад расм бо андозаи 3/4 ва 2 адад 9/12;

- нусхаи шиноснома;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти касбӣ;

- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои довталабони собиқаи корӣ дошта);

- нусхаи билети ҳарбӣ (ба ғайр аз занҳо);

- тавсифнома аз ҷои кори охирин (характеристика);

- тақриз (отзыв);

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

5. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук дар муҳлати то 21 рӯзи корӣ баъди нашри эълон қабул карда мешаванд.

НИШОНӢ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро -50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 223-12-16 (221-16-92, иловагӣ 233, 202).

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: