Санаи 24-уми июни соли 2018 дар минтақаи назорати гумрукии фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз хатсайри Дубай-Душанбе воридоти 4972 адад доруи намуди Пиксим ба номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А.М. пешгирӣ карда шуд.
Мутобиқи маълумотномаи ташхисии Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ» маводи дорувории Пиксим бо нишондодҳои зоҳирӣ ва тамғагузорӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй намебошад.



Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Хуҷанд ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Ё. С., ки аз ҷониби ҶДММ «Адана» ба иҷора гирифта шудааст, мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи санаи 19-уми июни соли 2018 дар доираи амалиёти «Кӯкнор - 2018» аз тарафи кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой аз лаби ҷуйбори обгузари заминҳои кишти ҶСК «Парандапарвар-2»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба миқдори 5480 бех растании монанд ба бангдона дарёфт карда, гирифта шуд.