Бо мақсади пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунии молу маҳсулот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи ҳамкорӣ, аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаби 24 феврали соли равон як қатор ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.
Маълумоти криминалӣ
Пешгирии қочоқи 7097 адад телефонҳои мобилӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 19 феврали соли 2020 аз анборхонаи ба иҷорагирифтаи шаҳрванд Расулов Ф.С. воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ 7097 адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногун ёфта, гирифта шуд.
Санҷиш муайян намуд, ки телефонҳои зикргардида ба шаҳрванд Рамазони А. тааллуқ дошта, мавсуф изҳор намуд, ки онҳоро аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ бо номҳои Чен, Лӣ ва дигарон харидорӣ намудааст.
Пешгирии маводи нашъаовари навъи «Героин» бо вазни 2 кг 110 грамм.
Санаи 21 феврали соли 2020 аз ҷониби кормандони гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як далели кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Page 6 of 10