4 сентябри соли 2018 дар вақти гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №6032 самти «Хуҷанд-Урумчӣ» дар минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд тибқи маълумотҳои оперативӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Идо, соли таваллудаш 1962 аз муоинаи шахсӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи муоина аз дохили махфигоҳи бағоҷи дастиаш, 42 ҳазору 755 доллари ИМА, 1 ҳазору 643 юани Бонки миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 4 ҳазору 350 сомонии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфт ва гирифта шуд.