ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ошкор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ санаи 9 январи соли 2020, дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон амалиёти махсус гузарониданд. Зимни гузаронидани маҷмӯӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба онҳо муяссар гардид, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов Акбархуҷа Анварович, 25.09.1980 соли таваллуд, миллаташ тоҷик, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, уч. Араб, оиладор, маълумоташ миёна, қаблан суд нашудааст, дар ҳудуди ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, деҳаи Деҳбаланди вилояти Хатлонро бо далелҳои шайъӣ дастгир намоянд.

 

Дар ҷараёни чорабинии қаблан ба нақша гирифта шуда, аз номбурда 17 (ҳабдаҳ) адад бастаҳои бо скоч печонидашудаи дорои бӯйи махсус дошта, ки дар дохили як халтаи полимерии рангаш зардчаранг бо навиштаҷотҳои форсӣ, англисӣ ва тасвирҳои гуногун дарҷ гардидашуда ҷойгир буданд, дарёфт гардид.

Тибқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-(экспертӣ) криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 2339 маводҳои дарёфтгардида ба воситаҳои нашъадори гуногун мансуб буда, вазни умумии онҳо 17 килограмму 572 (ҳабдаҳ килограмму панҷсаду ҳафтоду) граммро ташкил дод, аз ҷумла:

2 килограмму 162,0 (дуҳазору яксаду шасту ду) грамм воситаи нашъадори -“бангдонаи хушконидашуда”;

11 килограмму 490, (ёздаҳ ҳазору чорсаду навад) грамм воситаи нашъадори -“ҳашиш”; 3 килограмму 920,0 (сеҳазору нуҳсаду бист) граммро воситаи нашъадори навъи афюн.

Инчунин, санаи 14 январи соли 2020 аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар доираи парвандаи ҷиноятии таҳти № 52442 бо моддаи 200 қ.4 б. “д” аз санаи 10.01.2020 сол, нисбати шахси қаблан дасгиршуда Муродов Акбархуҷа Анварович, оғоз карда шуда, дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон маҷмӯӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд.

Зимни гузаронидани ковтукоби саҳни ҳавлии дасгтиршуда Муродов А.А. воқеъ дар суроғаи н.Панҷ, ҷамоати деҳоти Меҳвар, деҳаи Араб аз дохили чархи резинии ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи ГАЗ-51 тааллуқдошта, чанд адад бастаҳои бо скоч ва салафани полиэтелинӣ печонидашуда ва маводҳои ҷигаранги буйӣ махсусдошта дарёфт ва гирифта шуд.

Тибқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-(экспертӣ) криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №23 аз санаи 15-уми январи соли 2020, маводҳои мазкур ба воситаҳои нашъадори ҳашиш (чарс) мансуб буда, вазни умумии онҳо, 1004 граммро ташкил дод.

Нисбати шаҳрвандони номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ирсол карда шуд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: