Print

Фурӯши маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта хилофи қонун аст

Аз Муаллиф Қисмат: Маълумоти криминалӣ Hits: 166

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қочоқ ва дигар ҳодисаҳои вайрон намудани қонунгузорӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 26 марти соли 2020 дар вақти азназаргузаронии воситаи нақлиёти тамғаи “Камаз”, рақами қайди давлатиаш 8872АК08 аз дохили бордони воситаи нақлиёт 10 адад қуттии чӯбини дорои 1920 адад собуни хоҷагии 72%-и истеҳсоли Федератсияи Россия бо вазни умумии 480 кг дарёфт карда шуд.

 

Ҳангоми пурсиш шаҳрванд Қурбонова С.З иброз намуд, ки собунҳои хоҷагиро бо мақсади тиҷорат аз бозори “Ҷал-Ҷам”-и пойтахт, аз шаҳрванд Холбобоев Б.Ф. харидорӣ намудааст.

Мувофиқи хулосаи Вазорат адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 2020 арзиши умумии бозоргонии 1920 дона собуни хоҷагии 72%-и истеҳсоли Федератсияи Россия ба ташхиси пешниҳодшуда маблағи 4800 сомониро ташкил дода, аз рӯи намуди зоҳирӣ ба талабот мутобиқ набуда, муҳлати истифодабариашон гузаштааст.

Ҳамин тариқ, шаҳрванд Холбобоев Б.Ф. ҷинояти дар моддаи 294 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кардааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои фиреб додани истеъмолкунандагон муқаррар менамояд.

Бо дарназардошти исботи гуноҳ нисбати мавсуф бо моддаи 294 қисми 3 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.