Кормандони гумруки Раёсати минтақа- вии гумрукӣ дар вилояти Суғд 25 феврали соли равон дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров воситаҳои нақлиёти тамғаи “Меседес Бенс спринтер”, рақамҳои қайди давлатиашон 3993 КА 02 ва 9466 SS 02-ро, ки таҳти идораи шаҳрвандон Юсупов А.А. ва Ғаниев Ф.Ҳ. қарор доштанд, мавриди азназаргузаронии гумрукӣ қарор доданд.
Ҳангоми азназаргузаронӣ аз бордони воситаҳои нақлиёти мазкур 690 қуттиҳои пластмасии ҳар кадомаш иборат аз 9,1 кг, ба миқдори умумии 6279 кг тармеваи “Афлесун”-и истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт гардид, ки ин миқдор “Афлесун” бо ёрии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузибаева М.П. аз деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта будааст.
Номбурда ин миқдор тармеваи “Афлесун”-ро ба ду мошин бор карда, мехост барои фурӯш ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад ва ҳангоми аз самти мағозаи ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Душанбе равона гардидан, воситаҳои нақлиёти мазкур дар шоҳроҳи ҳудуди ноҳия Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби кормандони гумрук боздошт гардид.
Аз рӯи ҳолати мазкур бо моддаи 209 қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.