Print

Интиқоли 51 983 доллари ИМА ба хориҷи кишвар

Аз Муаллиф Қисмат: Маълумоти криминалӣ Hits: 966

Бо мақсади пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунии молу маҳсулот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи ҳамкорӣ, аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳамбастагӣ бо Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаби 24 феврали соли равон як қатор ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.

 

Дар натиҷа маълум гардид, ки сокини шаҳри Хуҷанд М.Мамаҷонова бар хилофи талаботҳои қонунгузории гумрук ва Дастурамали №142 “Дар бораи тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани асъори нақди миллӣ ва хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори миллӣ ва хориҷӣ ифодаёфта” амал намуда, санаи 15 феврали соли 2020 бо мақсади аз Ҷумҳурии Туркия харидорӣ намудани маснуоти заргарӣ, бо маблағи пулии 51 983 доллари ИМА баробар ба 504 411 сомониро аз ҳудуди кишвар тавассути дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и Гумруки Мастчоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, бидуни барасмиятдарорӣ ва тартиб додани декларатсияи дахлдор ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва минбаъд тариқи фурӯдгоҳи шаҳри Тошканд ба Ҷумҳурии Туркия интиқол дода, бо ин миқдор маблағ 1 кг. 142 грамм маснуоти заргарии аз тилло сохташударо харидорӣ карда, санаи 24 феврали соли 2020 ба дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ворид кардааст.

Нисбати Мамаҷонова М.Т. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.