Print

Пешгирии қочоқи 7097 адад телефонҳои мобилӣ

Аз Муаллиф Қисмат: Маълумоти криминалӣ Hits: 997

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 19 феврали соли 2020 аз анборхонаи ба иҷорагирифтаи шаҳрванд Расулов Ф.С. воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ 7097 адад телефонҳои мобилии тамғаҳои гуногун ёфта, гирифта шуд.

Санҷиш муайян намуд, ки телефонҳои зикргардида ба шаҳрванд Рамазони А. тааллуқ дошта, мавсуф изҳор намуд, ки онҳоро аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ бо номҳои Чен, Лӣ ва дигарон харидорӣ намудааст.

 

Тибқи маълумотномаи Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорат арзии Раёсат арзиши гумрукии телефонҳо 1 192 645, 39 (як миллиону яксаду наваду ду ҳазору шашсаду чилупанҷ сомониву сивунуҳ) сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, Рамазон А. ҷинояти дар моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кардааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қочоқ, яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар предметҳоро ба миқдори калон бо роҳи фиребгарона ва декларатсия накардани мол содир шудааст, муқаррар менамояд

Бо дарназардошти он, ки дар кирдори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазони А. аломати таркиби ҷинояти дар моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва чораҳои дахлдор андешида шуд.