Print

Мутобиқат накардани мошин бо ҳуҷҷат

Аз Муаллиф Қисмат: Маълумоти криминалӣ Hits: 906

Санаи 9 феврали соли 2020 ҳангоми амалӣ намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и гумруки Мастчоҳ, воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Зафира-А”, рақами қайди давлатии транзитии Ҷумҳурии Литва 4160 AZ, рангаш нуқрагин, силсиларақамҳои ҳаммонандкунии бордонаш (VIN) “WOLOAHМ756G148990”, ки ба шаҳрванд Солиев А.А. тааллуқ дорад, мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ маълум карда шуд, ки воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Зафира-А”, соли бароришаш 2000, рангаш нуқрагин, силсиларақамҳои ҳаммонандкунии бордонаш (VIN) “WOLOТGF75Y2074192” буда, ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашудаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Зафира-В”, соли бароришаш 2006, пешниҳодкардаи Солиев А.А. мутобиқат накардааст, ки номбурда ин автомашинаро бо истифодаи дигар ҳуҷҷатҳои расми ҳуқуқидиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода, бидуни назорати гумрукӣ, бе супоридани маблағи пардохтҳои гумрукӣ ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

Дар натиҷаи таҳқиқот ва хулосаи корши- носон маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашуда ба автомобили мазкур тааллуқ надорад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Солиев А.А. бо моддаи 340 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ фиристонида шуд.