ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боздошти ду контейнери бе борхат

Санаи 1 феврали соли 2020 ҳангоми гузаронидани амалиёти муштарак дар шоҳроҳи “Бобоҷон Ғафуров-Конибодом” дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишвории бо номи “Жоро”-и Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми интиқол воситаи нақлиётии “Камаз”, рақами қайди давлатиаш 6398 СО 02 таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров О.З. қарор дошт, боздошт карда шуд.

 

Ҳангоми азназаргузаронии бордони воситаи нақлиёт мазкур ду адад контейнер бо андозаи 6 х 2.55 х 2.40 метр ошкор ва муайян карда шуд. Моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Қирғизистон Бободжанов М. тааллуқ дошта, бидуни назорати гумрукӣ, бе тартиб додани декларатсияи гумрукӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол додааст.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Бободжанов М. бо моддаи 289 қисми 1 Кодек- си ҷинятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки номбурда моҳи майи соли 2019 барои бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол намудани як миқдор нурии минералии намуди “Селитра”-и истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайрон- кунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷа- вобгарии маъмурӣ кашида шуда буд.

Боиси таассуф аст, ки номбурда ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, бо мақсади ба даст овардани фоида бори дигар ба интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулоти бо роҳи қочоқ машғул гардид.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: