Print

Халъи силоҳ

Аз Муаллиф Қисмат: Маълумоти криминалӣ Hits: 797

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2 аз 2 декабри соли 1994 оид ба “Халъи силоҳ”, аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМБК бо аҳолии минтақа корҳои фаҳмонда- диҳӣ гузаронида шуда, як ҳолати гирифтан ва ду ҳолати худихтиёрона супоридани лавозимо- ти ҷангӣ ба қайд гирифта шуд.

 

Чунончӣ, 5 январи соли равон дар на- тиҷаи роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ бо иштироки бевоситаи сардори Раёсат, подполковники хадамоти гумрук Булбулшоев А.Д. дар шаҳри Хоруғ аз шаҳрвандон 1 адад но- ринҷаки дастии РГД гирифта шуд.

Ҳамзамон, санаи 17 январи соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, аз ҷониби онҳо 1 адад тирдон бо 32 тир (5,45) ва 18 январи соли 2020 30 адад тир (5,45), ки ҳамагӣ ба яроқи оташфишони навъи “Авто- мати Калашников” тааллуқ доштанд, худихтиё- рона ба Раёсати минтақавии гумрукӣ супорида шуд.

Қисмҳои лавозимоти ҷангии мазкур ба- рои нигоҳдорӣ ба Раёсати Вазорати корҳои до- хилӣ дар ВМКБ супорида шуданд.