ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ошкор ва пешгирии қочоқи маснуоти заргарӣ

Санаи 17 майи соли 2018 аз тарафи кормандони Дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и Гумруки Конибодом ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 4249 КВ02, ки ба шаҳрванд Д. М. тааллуқ дорад, 375 адад маснуоти заргарӣ, аз қабили ангуштарин, гӯшвор, занҷира ва дастбандҳои тиллоию нуқрагӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки номбурда мехост ин миқдор маснуоти заргариро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, тариқи қочоқ берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол диҳад.

 

 

 

Мувофиқи хулосаи мутахассисони Филиали Суғдии маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши 375 дона маснуоти заргарии аз металлҳои тилло ва нуқра сохташуда, бо вазни умумии 1 килограмму 63 грамму 94 миллиграмм аз рӯи намуд, ҳолати молӣ ва бо назардошти навъ дар маҷмӯъ 135 ҳазору 518 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Д. М. бо моддаи 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: