ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешгирии маводи нашъаовари навъи «Героин» бо вазни 2 кг 110 грамм.

Санаи 21 феврали соли 2020 аз ҷониби кормандони гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як далели кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

 

Сокини вулусволии Оқҷави вилояти Ҷузҷони Ҷумҳурии Исолмии Афғонистон Нури Аминуллоҳ соли таваллудаш 1988, ки ҳаракатҳояш ғайриоддӣ менамуд аз ҷониби гумрукчиёни гумрукчиён мавриди боздошт қарор дода шуд.

 

Мавриди азназагузаронии гумрукии бағоҷи дастии номбурда маълум гардид, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исолмии Афғонистон бо худ як адад ҷомадони рангаш ҷигарӣ дорад.

 

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ маълум гардид, ки номбурда дар зери либосҳои дохили ҷомадон 2 бастаи селофанӣ “Бодоми ордак”, ки дар ҳар як баста 3 тогӣ халтачаҳои селофани сафед мавҷуд аст ҷойгузорӣ кардааст.

 

Дар вақти кушодани бастаҳои селофании “Бодоми ордак” аз дохили бодомҳои ордакдор маводи хокистаранги буйи ғализ доштаӣ дар селофанчаҳо печонидашуда ошкор карда шуд, ки онро мехост ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд. Ин ҳолат аз назари кормандони гумруки Панҷи-Поён пинҳон намонда сари вақт ошкор карда шуд.

 

Мутобиқи хулосаи маълумотномаи экспертизаи суди-кимиёвии Шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашьаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводҳои аз дохили “Бодоми ордак” дарёфтгардида, ба маводи нашъаовари навъи «Героин» мансуб буда, вазни холиси он 2 кг 110 граммро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ парвандаи ҷиноятӣ бо дастрасии моддаҳои 200 қисми 4 банди «д» ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.

 

ЛИНКИ НАВОРИ ФАВРӢ  

 

  Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: