27 сентябри соли 2018 дар толори назорати гумрукии гумруки Панҷи-Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии боғоҷи дастии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вилояти Ҳирот, Фақири Мубин соли таваллудаш 1978, ки ҳаракатҳояш ғайриоддӣ менамуд аз ҷониби кормандони гумруки Панҷи-Поён мавриди боздошт қарор дода шуд.
Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии боғоҷ маълум гародид, ки номбурда бо худ чор адад асбобҳои мусиқии зарбии афғонии «Таблак» дорад, ки се адади он чӯбин ва як адади дигар оҳанин мебошад. Фақири Мубин дар дохили се адад асбобҳои мусиқии зарбии чӯбин устокорона пинҳонгоҳи махсусе сохтаву дар дохили он бастаҳои селофании дорои маводи мухаддир дар шакли шишапораро ҷойгир намудааст. Номбурда мехост ин миқдор маводи нашъаоварро тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ интиқол диҳад.
Мутобиқи ташхиси экспертизаи судӣ-кимёвӣ маводҳои дарёфтгардида ба воситаҳои нашъадори навъи «Метамфетамин» мансуб буда, вазни холиси он 1 кг 837,4 граммро ташкил медиҳад.
Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон