ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ садди роҳи паҳн гардидани моддаҳои психотропӣ шуданд

Маводи мухаддир аз хавфноктарин хатарҳоест, ки ба ҳаёту саломатӣ, иқтисодиёту маънавиёт ва пешрафту тараққиёти башарият таҳдид намуда, ба ҳар сарзамине, ки он ворид гардад, маргу маҳбас ногузир мебошад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола миллионҳо нафар одамон аз таъсири заҳрноки он ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор нафари дигар муфлису дардманд ва гирифтори бемории мушкилдавои нашъамандӣ мегарданд.

Бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумрук муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиётҳои махсуси фавриву ҷустуҷӯйӣ доир менамоянд, ки дар натиҷаи он гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб безарар ва аз онҳо миқдори махсусан калони ин бори зиёновар дарёфт ва мусодира карда мешавад.



Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук барои ошкор ва дастгир намудани як гурӯҳи махсуси ҷиноӣ корҳои фавриро ба роҳ монда, аз пайи муайян кардани тамоми аъзоёни он мегарданд.

Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Хуршед Саломович соли таваллудаш 1964, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навбаҳор 1/1, ҳуҷраи 9, соли 2013 бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 347 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони даст доштан ба ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир карда шуд.

 

 Дар рафти кофтукови шахсии дасгиршуда, аз ӯ ба миқдори 1395 дона маводҳои рангашон хокистаранг ва кабудча дар намуди ҳабҳо дарёфт гардид.

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои мусодирашуда моддаҳои психотропии «МДМА» буда, вазни умумияшон 472 граммро ташкил дод.

Дар ҷараёни гузаронидани маҷмӯӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ дар вилояти Суғд дигар иштирокчии ҷинояти мазкур, шаҳрванд Гулов Толибҷон Хуршедович соли таваллудаш 1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Навбаҳор 1/1 ҳуҷраи 9, дастгир карда шуд.

Бо ин кирдорҳояшон шаҳрвандони номбурда ҷинояти дар моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, дар Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: