ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд садди роҳи қочоқи асъор шуданд

4 сентябри соли 2018 дар вақти гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №6032 самти «Хуҷанд-Урумчӣ» дар минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд тибқи маълумотҳои оперативӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Идо, соли таваллудаш 1962 аз муоинаи шахсӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷаи муоина аз дохили махфигоҳи бағоҷи дастиаш, 42 ҳазору 755 доллари ИМА, 1 ҳазору 643 юани Бонки миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 4 ҳазору 350 сомонии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфт ва гирифта шуд.

 

Мувофиқи маълумотномаи филиали №38 Бонки Давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Бӯстон арзиши умумии асъори гирифташуда бо қурби расмии асъори Бонки миллии Ҷумурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ мутаносибан бо пулли миллӣ 409575,81 сомониро ташкил медиҳад.

Номбурда ин миқдор маблағи пуллии асъори хориҷиро мехост бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин интиқол диҳад. 

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Идо бо моддаҳои 32 қ 3 - 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд фиристонида шуд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: