ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қочоқи 3 миллион асъори хориҷӣ ошкор гардид

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, тибқи маълумотҳои оперативӣ дар хатсайри №2956 самти «Хуҷанд-Екатеринбург» дар минтақаи назорати гумрукии фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» мусофир Пӯлотов Фирдавс Даврончонович аз муоинаи шахсӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа аз бадани шаҳрванд Пӯлотов Ф.Д. миёнбанди худсоз ошкор ва дарёфт гардид, ки дар он асъори хориҷӣ ба маблағи умумӣ 3 000 000 (се миллион) рубли Бонки Давлатии Федератсияи Россия дарёфт карда гирифта шуд.

 Номбурда ин миқдор маблағро мехост бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия интиқол диҳад.

 

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Пӯлотов Фирдавс Даврончонович бо моддаҳои 32 қ 3 - 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти Суғд фиристонида шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: