ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

300 килограмм дору тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

Санаи 24-уми июни соли 2018 дар минтақаи назорати гумрукии фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз хатсайри Дубай-Душанбе воридоти 4972 адад доруи намуди Пиксим ба номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А.М. пешгирӣ карда шуд.

Мутобиқи маълумотномаи ташхисии Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ» маводи дорувории Пиксим бо нишондодҳои зоҳирӣ ва тамғагузорӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй намебошад.

 

 

 

 

Дар асоси натиҷаи ташхис санаи 25-уми июли соли 2018 аз тарафи кормандони мақомоти гумрук низоми гумрукии «Нобудкунӣ» қабул карда шуд. Тибқи муқаррароти моддаи 243 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Нобудкунӣ низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе пардохтҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин, бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад».

 

 

Моли мазкур дар асоси хулосаи ташхиси лабораторӣ бо иштироки комиссияи муштараки вазорату идораҳои дахлдор тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: