Ин шарҳи маҳдудиятҳои асосист, аммо ҳангоми ҳар сафар беҳтар аст қонунгузориро ҳатман дубора санҷед.
Русия
Гармала (ҳазориспанд) – гиёҳест, ки дорои моддаҳои психотропӣ мебошад. Аз 7 феврали соли 2024, тибқи қарори Ҳукумати Русия, гармала ба рӯйхати гиёҳҳои манъшуда ворид карда шудааст, зеро дар таркибаш моддаҳои нашъадор ва психотропӣ мавҷуданд.

Барои кӯшиши ворид кардани ҳазориспанд аз марз ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ба наздикӣ ВКД Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар Русия дар бораи манъи воридоти 10 навъи гиёҳи дар Русия манъшуда ҳушдор доданд.
Ба ин рӯйхат, ғайр аз ҳазориспанд, инҳо дохил мешаванд:
1.Лотуси кабуд – гиёҳи обӣ аз оилаи савсанҳо бо гулҳои зебои кабуд. Алкалоидҳо дорад ва ҳангоми истеъмол таъсири сабуки галлюциногенӣ мерасонад.
2.Ипомеяи серанга (Ipomoea tricolor) – лианаи яксола бо гулҳои калон ва дурахшон. Тухмҳои он дорои моддаҳои нашъадори галлюциногенӣ мебошанд.
3.Каннабиси кошташаванда (Cannabis sativa) – барг ва гулҳои он каннабиноидҳо доранд, ки ба ҳолати рӯҳӣ ва эҳсоси инсон таъсир мерасонанд. Парвариши он сахт аз ҷониби давлат танзим мешавад.
4.Шалфейи дивинорум (Salvia divinorum) – дорои моддаи психоактивии салвинорин мебошад, ки боиси хастагӣ, сарчархзанӣ, галлюцинатсия ва аз даст рафтани муваққатии хотира мегардад.
5.Хашхоши хобовар (Papaver somniferum) – шираи ширини он опиатҳо дорад, ки нашъаҳои қавӣ ва вобастакунанда мебошанд.

6.Гули садбарги Ҳавайӣ (Argyreia nervosa) – дорои алкалоидҳо буда, метавонад галлюцинатсия ва тағйири шуурро ба вуҷуд орад.
7.Турбинаи сипаршакл (Turbina corymbosa) – тухмҳои он моддаҳои психоактивӣ доранд ва аз ҷониби амрикоиҳои бумӣ ҳамчун галлюциноген истифода мешуданд.
8.Эфедра (Ephedra) – дорои эфедрин мебошад, ки фаъолияти асабро таҳрик медиҳад. Ин модда ба сабаби истифода дар истеҳсоли метамфетамин манъ шудааст.
9.Ҷаъфарии мӯйдор (Petroselinum crispum) – худи сабзавот иҷозат аст, аммо пӯсти тухмҳо моддаи психоактивии миристицин дорад, ки барои истеҳсоли амфетаминҳо истифода мешавад. Барои харид ва нигоҳдории тухмҳо бо мақсади коркард ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Чӣ чизҳои дигарро бурдан мумкин нест?

Ғайр аз заҳрҳо, силоҳ, пестисидҳо, маводи мухаддир (аз ҷумла маҳсулоте, ки дар таркибашон каннабис доранд: косметика, куки, витаминҳо), инчунин бурдани китобҳо, маводи аудио ва видео бо даъват ё сафедкунии ифротгароӣ ва терроризм манъ аст.
Инчунин бурдан мумкин нест: гӯшти хом ва моҳии хом, камераҳои пинҳонӣ, дастгоҳҳои гӯшкунӣ, тӯрҳои моҳидорӣ, инчунин ҳайвонот, паррандагон ва гиёҳҳои зери хатари нобудшавӣ.
Барои баъзе навъҳои бор иҷозатнома ва меъёри муайяни иҷозатдодашуда вуҷуд дорад.
Дар хотир доред, ки барои риоя накардани қоидаҳо на танҳо ҷарима, балки дар баъзе ҳолатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ шудааст.
Қазоқистон
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон рӯйхати ашёҳои манъшуда тақрибан яксон аст: силоҳ, маводи мухаддир, доруҳои дорои маводи нашъаовар, маводи таблиғкунандаи зӯроварӣ ва терроризм, заҳрҳо ва ашёҳои хатарнок.
Дар Қазоқистон низ маҳдудиятҳо мавҷуданд. Масалан, гироскутерҳо, моноколёсҳо ва дигар дастгоҳҳои бо батареяи литий коркунанда ҳамчун борҳои хатарнок манъ шудаанд.
Қазӣ, ки бисёри шаҳрвандон меоранд, иҷозат аст, аммо танҳо дар бағоҷ, на дар бордони дастӣ. Гӯшт бояд на камтар аз се қабат печонида шавад.

Сигорҳои электронӣ ва вейпҳо бояд танҳо дар бағоҷи дастӣ бурда шаванд ва муҳофизати инфиродӣ дошта бошанд.
Ӯзбекистон
Тибқи қоидаҳои гумрукӣ, бурдани маводи мухаддир, маводи таблиғкунандаи терроризм, зӯроварӣ, миллатгароӣ, порнография ва маводи тарканда манъ аст. Инчунин ворид кардани дронҳо (парвозкунандаҳои бесарнишин) иҷозат дода намешавад.
Дар дигар кишварҳо чӣ гуна аст?

Дар АМА (Имороти Муттаҳидаи Араб) баъзе доруҳо бо кодеин, антидепрессантҳо ва доруҳои сахти дардбартарафкунанда ҳамчун маводи мухаддир ҳисобида мешаванд. Аз ин рӯ, ҳатман дорухати табибро бо худ гиред.
Дар Чин ворид кардани маводе, ки ба сиёсати давлатӣ, иқтисод, фарҳанг ва ахлоқи кишвар зарар мерасонанд, инчунин асъори қалбакӣ, ҳайвонот, растаниҳо ва маҳсулоти дорои микробҳои хатарнок манъ аст.
Дар Таиланд маҳдудиятҳои сахт барои машрубот, сигор ва дастгоҳҳои электронии тамокукашӣ (вейпҳо) амал мекунанд.

Дар Эрон ворид кардани машрубот, гӯшти хук, кортҳои бозӣ, лото, маводи порнографӣ ва маҳсулоти дорои рамзҳои давлатии Исроил манъ аст.
Дар Туркия бурдани маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ маҳдуд аст, инчунин меъёри муайян барои сигор, машрубот, атриёт, қаҳва ва ҳатто шоколад вуҷуд дорад. Ворид кардани ашёи қадима ва антиқа манъ аст.
Аз Тоҷикистон чиро баровардан мумкин нест?
Тилло, сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин бе иҷозати махсус баровардани маъданҳо ва сангҳои кӯҳӣ манъ аст.
Гиёҳҳои ба Китоби Сурх дохилшуда ва ҳайвоноти нодир низ бароварда намешаванд. Барои баровардани доруҳо қоидаҳои махсус амал мекунанд.
Қоидаҳои гумрукиро дар Тоҷикистон аз куҷо фаҳмидан мумкин аст?
Бо занг задан ба рақамҳои зерин:
Хадамоти гумрук назди Ҳукумати ҶТ – 227-14-98, 221-75-33
Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе – 233-00-41
Раёсати гумрукии шаҳри Турсунзода – 83130 2-18-28
Раёсати гумрукии вилояти Хатлон – 83222 2-29-41
Раёсати гумрукии вилояти Суғд – 83422 5-40-87
Раёсати гумрукии ВМКБ – 83522 2-03-62


